ПРИ ПОДДЕРЖКЕ
КАФЕДРЫ ЭНДОДОНТИИ
ПЕНСИЛЬВАНСКОГО УНИВЕРСИТЕТА
ОНЛАЙН-СИМПОЗИУМИ ҲАРСОЛАИ GoEndo
14 апрел, аз соати 10-00 то 16-00
Академияи MB2
MB2 ACADEMY шуморо ба аввалин анҷумани байналмилалии онлайниаш даъват мекунад.

Рушди илми стоматологӣ ногузирона бо пайдоиши натиҷаҳо ва хулосаҳое алоқаманд аст, ки ҳудуди имкониятҳои духтуронро васеъ мекунанд. Аз ин рӯ, омӯзгорони мо шуморо бо консепсияи табобати эндодонтии сатҳи баланд шинос хоҳанд кард: тавре ки мо онро мебинем ва дар мактаби худ таълим медиҳем. Мақсад – расонидани ёрӣ ба онҳое, ки ба мушкилоти эндодонтия таваҷҷӯҳ доранд, ба амалияи муваффақ нигаронида шудаанд ва мехоҳанд дар равишҳо, усулҳо ва тамоюлҳое, ки ба натиҷаи мусбат меоранд, воқиф шаванд.

Симпозиум ба дандонпизишк-терапевтҳо, дандонпизишкони ихтисоси умумӣ ва ҳамаи мутахассисоне, ки ба рушд ва такмили амалӣ дар соҳаи эндодонтия рағбат доранд, муфид хоҳад буд.

Ба шумо имконият дода мешавад, ки аз таҷрибаи муваффақи ҳамкасбони хориҷӣбаҳра гирифта, бо дастовардҳои навтарини ҷаҳони эндодонтия шинос шавед ва дар бораи стратегияву тактикаи табобати эндодонтӣ тасавурроти нав пайдо карда, уфуқҳои ҷадидро боз кунед.

Забони расмии чорабинӣ: англисӣ, бо тарҷумаи синхронии русӣ.
ВАЗИФА ВА МАКСАДИ МО
таълими табибон дар мактаби MB2 куллӣ аст: мо орзу дорем, ки кордонҳои соҳаи микрохирургия ва эндодонтия соҳибистеъдодони алоҳида набуда, балки худи методика ба амалияи ҳаррӯза ворид гардаду фаъолияти мо марбут ба ҳифзи дандонҳо бо таври илмӣ асоснок шуда бошад. Агар чунин раванди омӯзиш ба шумо маъқул бошад, мусоҳиба таъин намуда ин масъаларо муқокима хоҳем кард.
Арзиши иштирок:
35$
Бо мо пайваст шавед:
50 иштирокчии аввал вебинарро ҳамчун тӯҳфа мегиранд: "Микроҷарроҳии апикалӣ барои терапевтҳо"
Мы в соц.сетях